image

Маросими қадрдонии ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» дар н.Фирдавсӣ

date_range14.04.2023, 11:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye172

Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии “Забон донӣ ҷаҳон донӣ” даври ноҳиявии ин озмун дар ноҳияи Фирдавсӣ низ ташкил ва багузор гардид. Бино ба иттилои масъулини соҳа дар даври ноҳиявии озмун 174 нафар ширкат намуданд, ки аз ин шумора 12 нафарашон ғолиб гардиданд.

Дар Гимназияи №74-и ноҳия бо ширкати масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, сохторҳои марбутаи ноҳиявӣ ва иштирокчиёни озмун маросими қадрдонии ғолибон баргузор шуд.

Озмуни мазкур бо мақсади ҷалби оммавии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба забономӯзӣ, инкишофи зеҳнӣ ва ҷаҳонбинӣ, сайқал додани заковат ва малакаҳои забондонӣ, дарёфт, муаррифӣ ва ҳавасмандгардонии истеъдодҳои нав дар ин самт баргузор гардид.

Дар идомаи чорабинӣ ғолибони даври ноҳиявии ин озмун, ки 12 нафар буданд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаю ифтихорномаҳо қадр шуданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2019, тасдиқ шудааст, ташкил ва баргузор гардид.

Дар идомаи ҳамоиш инчунин омӯзгорони Муассисаҳои таҳлимии ҳудуди ноҳия, ки дар ин озмун шогирдонашон ғолиб омаданд ва волидайн аз ҷониби масъулин қадрдонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 зимни ироаи Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки «таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ бояд дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"