Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ноҳиявии Озмунҳои шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» ва «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм»
Дар толори Литсейи Умари Хайёми ноҳияи Сино бо ташаббуси Муассисаи давлатии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ноҳиявии Озмунҳои шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» ва «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» доир гашт, ки дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, Шуъбаи маорифи ноҳия ва ғолибони даври ноҳиявии Озмунҳои шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» ва «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» иштирок намуданд.
Қайд шуд, ки даври ноҳиявии озмуни мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вобаста ба забондон гардидани насли наврасу ҷавон роҳандозӣ гардида, бо мақсади ҳавасмандгардонии хонандагон ба забономӯзӣ, сайқал додани заковат, малакаи забондонӣ, инкишофи зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии хонандагон, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор гардид.
Сипас дар вазъияи тантанавӣ ба тамоми ғолибони даври ноҳиявии озмун диплом ва мукофотпулиҳо супорида шуд.
Маврид ба тазаккур аст, ки Озмуни мазкур бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 роҳандозӣ мегардад. Ба 12 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансур, ки дар даври ноҳиявӣ фаъолнокӣ нишон додан, диплом ва мукофотҳо тақдим гардида, ҳамзамон ба омӯзгорон низ сипоснома ва маблағҳо супорида шуд.
Тибқи низомнома озмун дар ду бахш (назариявӣ ва амалӣ) аз рӯйи шартҳои муайян гузаронида шуда беҳтаринҳо аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба даври шаҳрии Озмуни «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» роҳхат гирифтанд. Ҳамин тавр ба тамоми ғолибони даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ диплом ва туҳфаҳои молӣ тақдим шуд.
Инчунин дар доираи ташаббусҳои ҳавасмандагрдонӣ як қатор омӯзгорони Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ омӯзгорони хонандагон низ сипосномаҳо сурпорида шуд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ