image

Роҳпаймоии осоиштаи ҷашнии Донишгоҳи миллӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе

date_range14.04.2023, 15:49 chat_bubble_outline0 remove_red_eye359

Бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел ҷашн гирифта мешавад, дар ҳудуди Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун рамзи ифтихор аз пойтахти гулбадомони кишвар роҳпаймоии осоишта ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳ доир гардид.

Роҳпаймоии осоиштаи ҷашнии Донишгоҳи миллӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуд. Тадбири маърифатӣ дар шоҳроҳи назди биноҳои таълимии донишгоҳ сурат гирифт.

Дар роҳпаймоӣ ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳ, аз ҷумла роҳбарияти донишгоҳ, устодони унвондор, собиқадорон, донишҷӯёни гирандаи стипендияи Президентӣ, ғолибону иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, «Илм – фурӯғи маърифат», гурӯҳи ҷавонон – донишҷӯёни ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат”, бахши ҷавонону духтарон, устодони кафедраи ҳарбӣ, кормандони шуъбаи бехатарӣ, омӯзгорону муҳассилини самти тиббю фарматсевтӣ ва беш аз 100 варзишгар иштирок доштанд.

Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сулҳу субот дар мамлакат дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат шаҳри Душанбе нафақат пойтахти Тоҷикистон, балки маркази асосии илмиву фарҳангӣ, эҷодиву иттилоотӣ ва неруи зеҳнӣ ба ҳисоб рафта, он барои тамоми табақаи наслҳо ҳамчун хотираи беҳтарини аёми ҷавонӣ ва пояндагии миллат ҳисобида мешавад. Гуфта мешавад, ки роҳпаймоӣ худ нишонаи иттиҳоду иттифоқӣ, сарҷамъию хушбахтии мардумро ифода карда, гузаштан аз майдон башорати зиндагии шоиставу арзандаи мардуми саодатманди кишвар дониста мешавад.

Баъд аз роҳпаймоии осоишта дар саҳни бинои таълимии №11 чорабинии фарҳангии ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ гузаронида шуд.

Дар оғоз, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҳайати устодон, кормандону донишҷӯёни донишгоҳ ва дар симои онҳо мардуми шарифи Тоҷикистонро ба таҷлили Рӯзи пойтахт самимона табрик намуд. Бо ифтихору шарафмандӣ зикр шуд, ки пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва оинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷикон бо дастгириву ғамхориҳои доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдомоту ташаббусҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ хеле зебову замонавӣ шуда истодааст.

Дар идома барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳоди аҳли толор гардонида шуд, ки хел ҷолибу диданӣ буд. Дар барномаи фарҳангӣ дар баробари ҳунармандони ансамбли «Наврӯз»-и донишгоҳ, инчунин, сарояндагони шинохтаи ҷумҳурӣ штирок ва ҳунарнамоӣ намуданд. Суруду таронаҳои ин қисмати чорабинӣ низ фарогири зебоиҳои шаҳри дилорои Душанбе буд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"