image

Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии Куруши Кабир сокинони ноҳияи Шоҳмансур Рӯзи Пойтахтро бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифтанд

date_range14.04.2023, 16:04 chat_bubble_outline0 remove_red_eye230

 Бахшида ба Рӯзи Пойтахт ки ҳамсола сеюми ҳафтаи моҳи апрел қайд мегардад, дар боғи фарҳангӣ-фароғатии Куруши Кабир ҳамоиши идона доир гардид, ки дар он муовини Раиси ш.Душанбе Фирдавс Саидзода, намояндагон аз МИҲД-и н.Шоҳмансур, сохторҳои дигари марбута ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.

Қабл аз оғози чорабинӣ иштирокчиён аз намоиш дидан намуданд. Дар ин қисмат дастовардҳои корхонаву ташкилоти ноҳия ба намоиш гузошта шуда буд. Мавриди зикр аст, ки ин ҳама дар сатҳи баланди ташкмилӣ роҳандозӣ шуда буд.

Қобили зикр аст, ки шаҳри Душанбе шаҳри ҷавонист ва интихоб гардидани роҳбари ҷавону умедбахши он низ тимсоли ҳамдигар буда, эътимоду боварии насли ҷавони кишварро ба давлату Ҳукумат ва сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат дучанд афзун мегардонад.

Сипас қисмати расмии чорабинӣ оғоз гардид. Зимни баромади муовини Раиси ш.Душанбе Фирдавс Саидзода қайд гардид, ки Душанбе шаҳри зебо ва калонтарини тоҷикон буда, имрӯз пойтахти Тоҷикистони азизамон мебошад. Душанбе рӯз то рӯз тараққӣ карда, ба маркази нави иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангии тоҷикон мубаддал гашт.

Қомат афрохтани биноҳои хуштарҳи маъмурию истиқоматӣ, бунёди боғҳо ва дигар иншооти фарҳангию фароғатӣ, ободу зебо гардонидани мавзеи ёдгориҳои таърихии шаҳри Душанбе, баргузории фестивалу озмунҳои шаҳриву байналмилалӣ, ҳамчунин дар асоси қарори Шӯрои сарони давлатҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 28 сентябри соли 2018 дар соли 2021 эътироф гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил намунаи рушди пойтахт.

Сокинони н.Шоҳмансур бо як шаҳомати хосса Рӯзи Пойтахтро ҷашн гирифтанд. Ва сокинон зери суруду таронаҳои дилошуб хушию шодмонӣ карданд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"