Душанбе-шаҳри дастовардҳо
Боиси ифтихору сарфарозист, ки пойтахти азизи мо-шаҳри зебоманзари Душанбе дар заминаи таҳкими корҳои ободониву созандагӣ рушд намуда, ба худ симои замонавӣ касб мекунад.
Ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маҳсуб меёбад.
Нишондиҳандаҳои оморӣ худ баёнгари онанд, ки шаҳри Душанбе дар давоми солҳои охир ба таври бесобиқа рушд мекунад. Дастовардҳо дар тамоми соҳаҳо ба назар мерасанд. Ҳамарўза худ шоҳиди он ҳастем, ки кӯчаву хиёбонҳои пойтахт торафт ободтару зеботар мегарданд, қомат афрохтани шумораи зиёди биноҳои истиқомативу маъмурӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ боғу гулгаштҳои нав, таъмиру азнавсозии роҳҳо барои ба як шаҳри замонавӣ табдил ёфтани он заминаи мусоид фароҳам меорад.
Мавриди зикр аст, ки дар баробари рушди дигар соҳаҳо маҳз бо дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Муасссисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» низ як қатор тадбирҳои муҳим рӯйи кор омаданд.
Дар ин замина аз 28-уми марти соли 2017 дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе “Телевизиони Пойтахт” тағири ном карда, ба “Телевизиони Душанбе” иваз карда шуд ва аз моҳи феврали ҳамон сол ба формати сифати дақиқияташ баланд- HD гузашт. Агар шумораи кормандон дар соли 2017 ҳамаӣ 50 нафарро ташкил медод, пас имрўз 105 нафар мутобиқ ба воҳидҳои корӣ ба фаъолият машғуланд.
Натиҷаи ҳамин дастгириҳост, ки айни замон дар “Телевизиони Душанбе” студияи сайёри телевизионии муосир мавриди истифода қарор дорад. Тоҷикистон дар минтақа авалин кишвари дорои чунин студияи сайёр аст ва имкон дорад, ки тамоми чорабиниҳои сатҳи баланди ҷумҳуриявию минтақавӣ ва ҷаҳониро сабт карда, мустақиман тариқи моҳвора пахш созад.
Студияи сайёри телевизионӣ аз се мошини калон иборат буда, дар онҳо дастгоҳу таҷҳизоти навтарини соҳавӣ, ки барои сабт, пахши мустақим ва ороиши барномаву намоишҳои гуногун пешбинӣ шудааст, банду баст гардидааст.
Ҳамчунин системаҳои сабт ва пешниҳоди барномаҳои студияи нави сайёр имкон медиҳад, ки ба барномаҳои телевизионӣ ороиши компютерӣ дода шавад. Тамоми дастгоҳ ва таҷҳизоти насбгардида истеҳсоли кишварҳои Ҷопон ва Чин буда, ин фанноварӣ ба таври мустақим имконият дорад, ки барнома ва намоишҳоро ба маҳвора ирсол намояд.
Аз 8-уми августи соли 2019 пахши барномаҳои “Телевизиони Душанбе” аз 12 соат ба 18 соат расонда шуда, онро тариқи моҳвора бо сифати дақиқияташ пурраи баланди FUll HD тамошо кардан имкон дорад. Дар баробари ин сомонаи расмии Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” дар шабакаи интернет www.dushanbetv.tj фаъол буда, бинандагон имконият доранд тавассути онлайн барномаҳои моро мустақиман тамошо кунанд.
Дастоварди дигар дар ояндаи наздик соҳиби бинои наву замонавӣ гардидани Муассиса мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар робита ба иҷрои банди 7 нусха аз Протоколи ҷаласаи назоратии назди Раиси шаҳри Душанбе таҳти № 23 аз 10 сентябри соли 2021 лоиҳаи бинои нави Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” бо назардошти махсусиятҳои соҳавӣ аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе омода гардида, корҳои сохтмониро МД “Раёсати сохтмони асосӣ” (ҳамчун фармоишгари иншоот) оғоз намудааст.
Ҳамаи ин дастгириҳо моро водор месозад, ки фаъолияти худро бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда беҳтар намоем.
Боиси фараҳмандист, ки имрӯз 15 апрел ҳамчун «Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил карда мешавад. Дар робита ба ин, ҳамаи сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе ва тамоми шаҳрвандони кишвари маҳбубро аз номи худ ва аҳли кормандони Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” самимона табрик мегӯям. Боварии комил дорам, ки дар ҳамдастӣ ва меҳнати содиқона мо метавонем пойтахти азизи худро боз ҳам ободтару зеботар гардонем.
Маъруфҷон Оқилов,
директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе”
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ