image

Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди хизмати давлатӣ»

date_range17.04.2023, 09:41 chat_bubble_outline0 remove_red_eye172

Дар Литсейи Умари Хайёми пойтахт бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди хизмати давлатӣ» баргузор гардид.

Дар кори Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди хизмати давлатӣ» муовини Раиси шаҳри Душанбе, намояндагони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок намуданд. Зимни конфронс маърузачиён изҳор доштанд, ки ташаккули хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири низоми идоракунии давлатӣ бо раванди таҳкими Истиқлоли давлатӣ пайвандии ногусастанӣ дорад. Давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ тавассути сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такмили низоми идоракунии давлатӣ ва ташаккули хизмати давлатӣ, аз ҷумла масъалаҳои таъминоти кадрӣ ва истифодаи оқилонаи иқтидорҳои кадрӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ, такмили ихтисос ва азнавтайёркунии хизматчиёни давлатӣ ба вазифаҳои афзалиятноки давлатӣ табдил ёфтанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон эҳё ва таҳкими давлатдориро маҳз аз танзими соҳаи хизмати давлатӣ оғоз намуда, ин соҳаро яке аз рукнҳои сулҳофаринӣ ва ваҳадатгароӣ маҳсуб дониста, нақши онро миёни давлат ва ҷомеа ба унвони васлкунанда хонданд, ки воқеан хизмати давлатӣ, ҳамчун ниҳоди кадрсозӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва идоракунӣ мебошад.

Доир ба нақши хизматчии давлатӣ иштирокчиёни изҳор доштанд, ки дар шароити рушди ҷомеа ва ҷаҳонишавӣ масъалаи муҳиме, ки дар назди давлат ва Ҳукумат қарор дорад, тарбияи насли нави хизматчиёни давлатии дорои донишу ҷаҳонбинии муосири ба талаботи ҷаҳони имрӯза ва идоракунии муосири давлатӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар айни замон низоми тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ муҳимтарин масъалаи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар идомаи кори конференсия аз ҷониби иштирокчиён ба шунавандагони курси азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи “Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо ибтикори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида буд, гувоҳномаҳо тақдим шуд. Маврид ба зикр аст, ки дар асоси Нақша- ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Шӯрои олимони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, барои 100 нафар хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ курси азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи “Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ташкил гардида буд, ки он аз санаи 10-уми то 14-уми апрели соли равон идома кард.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душа
нбе"