Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба «Рӯзи илми тоҷик» дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар робита ба ҳафтаи илм ва бахшида ба «Рӯзи илми тоҷик», инчунин «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон (2023-2027)», «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040» ва ба ифтихори 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-амалӣ бо иштироки доираи васеи олимону донишмандон баргузор гардид.
Дар ҳамоиш олимону донишмандони бо маърӯзаҳо баромад карда, саҳми олимони барҷастаи тоҷикро зикр намуданд.
Ҳамзамон, дар ин чорабинӣ нақши донишмандони тоҷик дар рушди илми тоҷик, бахусус, саҳми академик Бобоҷон Ғафуров дар рушди илми ховаршиносӣ ва ба сатҳи ҷаҳонӣ баровардани он, инчунин ҷойгоҳи Садриддин Айнӣ дар рушди илми тоҷик ва тавассути осори безаволаш ҳақиқати таърихро ба ҳақиқати адабӣ табдил додани он таъкид карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ олимону донишмандони соҳа аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳ барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди илми тоҷик қадрдонӣ карда шуданд.
Сарвиноз Гулова
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ