image

Маросими ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон»

date_range17.04.2023, 11:09 chat_bubble_outline0 remove_red_eye286

Дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов маросими ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ҷамъбасти Фестивал намояндагони Вазорати фарҳанги ҶТ, адибону олимон, хонандагон ва омӯзгорон иштирок намуданд.

Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» ҳамасола бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар дар мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хосса гузаронида мешавад. Дар оғози чорабинӣ муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳури Тоҷикистон баромад намуда қайд кард, ки китоб сарчашмаи дарёи ақл буда, он барои ҳар инсон муқаддас мебошад. Аз қадимулайём тоҷикон миллати фарҳангӣ буданд ва ба китоб эътиқод доштанд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки имрӯз мояи ифтихору хурсандии мост, ки дар мамлакат чунин Фестивали бошукӯҳ баргузор мегардад ва дӯстдорони каломи бадеиро ба худ ҷалб менамояд. Тӯли як ҳафтае, ки замзамаи фестивали китоби бачагон дар мамлакат танинандоз буд, кӯдакону наврасон ғизои маънавӣ гирифтанд.

Тавре зикр рафт, ҳадафи асосии баргузории фестивал-ин ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанб
е"