image

Боздиди хонандагони муассисаҳои таълимиии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз Осорхонаи милли Тоҷикистон

date_range17.04.2023, 11:20 chat_bubble_outline0 remove_red_eye191

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе боздиди хонандагони муассисаҳои таълимиии шаҳр аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии пойтахти мамлакат ҷараён дорад.

Дар робита ба ин, боздиди хонандагони муассисаҳои таълимиии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз Осорхонаи милли Тоҷикистон сурат гирифт.

Зимни боздид аз осорхонаи мазкур хонандагон ба таъриху тамаддун, ҳунару ҳунармандӣ ва фарҳангу оини гузаштаи миллати тоҷик аз наздик ошноӣ пайдо намуда, маълумоти амиқу муфассал гирифтанд.

Ёдовар мешаваем, ки чорабинии мазкур дар доираи иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе” ташкил карда шуд, ки мақсад аз он огоҳии наврасону ҷавонон аз таъриху фарҳанги миллати тоҷик ва маконҳои сайёҳии пойтахти ҷумҳурӣ ва дар ин замина дар ботини онҳо ташаккул додани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки баргузории чунин чорабиниҳои сайёҳӣ, таърихӣ, фарҳангӣ барои худшиносию худогоҳӣ ва арҷ гузоштан ба таърихи бою рангини миллат дар замири насли наврас нақши босазо хоҳад гузошт.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"