Қадрдонии олимон дар ҳамоиши тантанавӣ ба муносибати «Рӯзи илм»
Бахшида ба «Рӯзи илм» дар Академияи милли илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он олимону донишмандон ва кормандони масъули мақомоти марбутаи кишвар ширкат ва суханронӣ карданд. Дар рафти ҳамоиш аз ҷониби иштирокчиён вобаста ба мавзӯи ҳуввияти милӣ дар осори илмии Садриддин Айнӣ, робитаи илм ва худшиносии миллӣ аз дидгоҳи Садриддин Айнӣ маърӯзаҳо қироат шуда, руйнамоии китоби «Чеҳраҳои академӣ» низ баргузор шуд.
Ҳамзамон, дар рафти ҳамоиш ба як қатор олимону донишмандон дипломи олими барҷаста, унвони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳо тақдим гардид. Инчунин як қатор кормандони Академия ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди илми тоҷик бо медали 50- соли фаъолияти пурсамар дар Академияи милии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шуданд.
Гуфта мешавад, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои рушди илми тоҷик ва қадрдонии олимон муосидати фаъол менамояд. Давоми солҳои охир дар мамлакат ба соҳаи илм таваҷҷӯҳи хоса равона гардида, дар робита ба ин самт чораву тадбирҳои судманд амалӣ мегардад.
Сарвиноз Гулова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ