Ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо - «Сайри гули лола». Шаҳри Душанбе сазовори ҷои аввал дониста шуд
Чанд сол мешавад, ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо- «Сайри гули лола» дар кишвар таҷлил мегардад ва ин ҷашн ҳамчун иди зебоӣ ва ҳусну назокат, дар атрофи худ даҳҳо падидаҳои фарҳангии дигарро ҷамъ меорад. Яъне Сайри гули лола, ҳамчунин барои муаррифии ҳунарҳои қадимаи ниёгон замина гузошта, мардумро ба зебоипарастию ҳифзу нигоҳдории табиат ва эҳтиром ба он талқин мекунад. Даврҳои ибтидоии озмуни гулҳо, “Сайри гули лола” давоми моҳи равон дар сатҳи маҳалла, деҳот ва ноҳияву шаҳрҳо баргузор гардид ва акунун беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.
Дар тадбири мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, намонядагони кумитаву идораҳо, вазорату муассисаҳо ва ҳамчунин намояндагони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоятҳо иштирок намуда, баргузории тадбири мазкурро барои баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ нек арзёбӣ карданд. Бахотири таҷлили озмуни ҷумҳуриявии гулҳо-“Сайри гули лола”, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт қабои идона ба бар карда, садои карнайю сурнай ва табли шодӣ ба ин тадбир тантанаи дигар зам намуд.
Дар ин рӯз аз ҷониби намояндагони шаҳру ноҳияҳои мамлакат навъҳои гуногуни гулу буттаҳои ороишӣ, гули лола, намоиши либоси рангоранги миллӣ, ороишоти рангину ҳунармандонаи дастони модарони тоҷик, маҳорати ҳунари расомӣ пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуд, ки ҳар бинандаро мафтун намуда, ба ваҷд меоранд ва ин раванд дар тарбияи завқу рағбати насли наврас таъсири амиқ мегузорад. Барномаи ҷашнии тарҳрезӣ градидани тарбиятгирандагони кудакистонҳо, ки таҷасумгарӣ зебоӣ буд, ба чорабинии тантанаи бештар зам намуд.
Баъди бозид аз намишгоҳи мазкур, дар қисмати дуюми чорабинӣ, муовини Сарвазири мамалкат Сулаймон Зиёзода эҳёи озмуни ҷумҳуриявии гулҳо-“Сари гули лола”-ро аз ташабусҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ободу зебогардонии шаҳраку деҳот, гулпуш намудани гулшатҳои шаҳру ноҳияҳо нек арзёбӣ карда, онро марҳилаи муҳими ниҳолшинонию кабудизоркунӣ маънидод намуд. Дар ҳаминҷо ба беҳтаринҳо дар номинатсияҳои «Гулпарвари беҳтарин», «Гулгашту хиёбони беҳтарин», «Боғи фарҳангиву фароғатии беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин» «Ноҳияи беҳтарин» ва дигар бахшҳо ғолибон муайян гардида, бо туҳфа ва сипоснома қадрдонӣ шуданд. барномаи фарҳангӣ бо иштиркои санъъаткорони маъруфи кишвар ба чорабинии сайри гули лоа анҷом бахшид.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ