image

Даври ниҳоии Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад»

date_range18.04.2023, 11:52 chat_bubble_outline0 remove_red_eye251

“Ҳунар беҳтар аз зар бувад”, ин фестивал бо муҳимияти худ тамоми ҳунармандону чирадастонро аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ба пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе овард. Тадбири мазкур ҳанӯз аз соли 2018 дар доираи эълони “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳанарҳои мардумӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи даст гирифта шуд ва то кунун идома дорад. Яъне дастандарткорон бо роҳандозии чунин иқдомҳои эҳёкунанда, барои муаррифӣ гардидани ҳунари волои ниёгон ҳадафманданд.

Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои мардумии “Ҳунар беҳтар аз зар бувад”, дар 3 марҳила - шаҳру ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ баргузор гардида, дар даври ниҳоӣ ғолибони даврҳои қаблӣ ширкат варзиданд. Дар маросими баргузории чорабинии мазкур Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазоарту идораҳо, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки фестивали мазкур барои эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ,ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону бонувон ва ҳифзи арзишҳову ҳуранҳои сирф миллии тоҷикӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳозирин аз намоишгоҳи ҳунармандон, ки бо ҷалби ҳунармандону касбомӯзони соҳибистеъдоди ҷумҳурӣ ташкил гардида буд, дидан карда, ба маҳорат ва малакаи хуби омӯзиши онҳо баҳои баланд доданд.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ, ҳозирин бароманд намуда, иброз доштанд, ки ташикл ва роҳандозии фестивали ҳунармандони Тоҷикистон - “Ҳунар беҳтар аз зар бувад” барои амалигардидани барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 замина гузошта, аз суи дигар василаи хуби муаррифии анъанаву ниёгони миллати тоҷик мегардад. Эҳёи дубораи ҳунару анъанаҳои ниёгон, фароҳамсозии шароит барои омӯзиши касбу ҳунар ва аз пардохти андоз озод намудани маҳсулоти дар хона истеҳсолшудаи ҳунармандон, аз таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои бевоистаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки нисбат ба ин табақаи ҷомеа равона градидааст, гуфта шуд дар ҳамоиш.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ғолибони даври ҷумҳуриявии фестивали “Ҳунар беҳтар аз зар бувад”, ки аз рӯи 6 наминатсия рақобат намуданд, бо туҳфаҳои ташаббускорон қадрдонӣ гардиданд.

Ҳакимзода Раҳим
"ТВ Душанбе"