image

Сайёҳат якрӯзаи намояндагони ВАО дар шаҳри Душанбе

date_range18.04.2023, 12:29 chat_bubble_outline0 remove_red_eye234

Аз 3-юм то 20-уми апрели соли равон бо ташаббуси Академияи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон баҳри рӯзноманигорони бахши варзиш ва сайёҳии шабакаҳи телевизионӣ ва радиоии кишвар курси омӯзишӣ роҳандозӣ гардидааст. Дар доираи курси омӯзишии мазкур рӯзноманигорони бахши сайёҳӣ аз як қатор мавзеъҳои сайёҳиву фарҳангии шаҳри Душанбе боздид карданд.

Ҳайати рӯзноманигорон дар оғози сайёҳати якрӯзаи худ аз Маркази сайёҳии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боздид намуданд. Тавре зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, маркази мазкур бо мақсади омода намудани мутахассисони соҳибкасби миллӣ дар пояи кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳӣ таъсис дода шуд.

Дар идомаи сайёҳат рӯзноманигорон ба Осорхонаи Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд. Масъулин изҳор доштанд, ки Осорхонаи Пешвои миллат бо ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати мамлакат соли 2021 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.

Дар идомаи боздид рӯзноманигорон ба автодроми мошинҳои электрикӣ, ки дар атрофи майдони махсус ҳаракат менамояд, ташриф оварда аз хизматраоснии ин толори дилхушӣ истифода намуданд. Яке аз мақсадҳои асосии ин автодром рондани мошин дар майдони махсус ва бархӯрд намудан бо мошинҳои дигар мебошад, ки ҳангоми истифода аз он шахс рӯҳу илҳоми тоза мегирад. Дар ин баробар ҳангоми сайёҳат рӯзномагирон ба бозиҳои дигари шавқоварро низ машғул гардиданд.

Мавзеъи дигари сайёҳат ин Муассисаи давлатии Боғи фарҳанги фароғатии «Кӯли ҷавонон» буд. Масоҳати ин боғи фарҳангию фароғатӣ 3,5 гектарро ташкил медиҳад. Барои чароғонкунии боғ бошад 267 сутунпоя насб карда шудаанд. Барои сарсабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» зиёда аз 500 бех дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинонида шудааст.

Дар боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» майдонча барои бозии кӯдакону наврасон бунёд ва барои машқҳои шиноварию сайёҳат дар об 20 қаиқи замонавӣ дастрас карда шудааст, ки аз ин шароити фароҳамовардашуда табъи сокинону меҳмонон, бахусус кӯдакону наврасон болида мешавад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"