Оғози даври сеюми Озмуни шаҳрии «Доноякон» байни тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилотии томактабии пойтахт
Ҳамасола дар шаҳри Душанбе озмуну чорабиниҳои гуногун ташкил карда мешавад. Ин навбат дар Муассисаи таҳсилоти томактабии №30-и ш.Душанбе даври сеюми озмуни шаҳрии «Доноякон» байни тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилотии томактабии пойтахт ба кори худ оғоз намуд.
Озмуни шаҳрии «Доноякон» барои тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳияҳои пойтахт бо мақсади иҷрои боби 4 банди 10- нақшаи чорабинии Сарраёсати маорифи ш.Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ ташкил гардидааст. Он баҳри ташаккули инкишофи ҷисмонӣ, зеҳнӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабӣ бо назардошти қобилият, шавқу рағбат ва хусусиятҳои фардии кӯдакон муосидат менамояд. Озмуни мазкур низомнома ва шартҳои худро дорад.
- Донистани афсонаҳои гуногун,
- Муайян намудани мазмуни расми пешниҳодгардида,
- қироати шеърҳо дар васфи Ватан, оила фаслҳои сол ва ғайра,
- номбар намудани калимаҳо ба овозҳои садоноку ҳамсодоҳо,
- аз 3 то 6 калима сохтани ҷумлаҳо,
- ба тартиб шуморидан аз адади 1 то адади 20 ва баръакс.
- тасаввуроти кӯдакон дар бораи ҳалли муаммоҳои арифметикӣ,
- кашидани расм тибқи супориш аз ҷумлаи шартҳои озмун махсуб меёбад.
Довталабони ноҳияҳои И.Сомонӣ ва Сино мавриди баҳогузории ҳакамони озмун қарор гирифтанд. Аз ноҳияи И.Сомонӣ дар даври ноҳиявии озмуни "Доноякон" 25 нафар аз 10 муассисаи таҳсилоти томактабӣ иштирок намуда, ба даври шаҳрии он 6 нафар аз муассисаҳои томактабии ноҳия пешниҳод гардидаанд. Аз н.Сино дар даври ноҳиявии озмуни "Доноякон" 177 нафар аз 36 муассисаи таҳсилоти томактабӣ иштирок намуда, ба даври шаҳрии озмуни мазкур 16 нафар аз муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия пешниҳод гардидаанд.
Барои довталабони ҳар як ноҳия 3 ҷой – ҷойи 1,2,3, яъне бо дарназардошти чор ноҳияи шаҳр 3 нафар сазовори ҷойи 1-ум, 3 нафар сазовори ҷойи 2-юм ва 3 нафар сазовори ҷойи 3 ум, дар умум 12 ҷой муайян гардидааст. Даври сеюми озмуни шаҳрии "Доноякон" дар муассисаҳои таълимии томактабии ш.Душанбе аз санаи 17 апрели соли 2023 оғоз гардида, он то 20 апрел идома меёбад.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ