image

Пешгирии ҷавонон аз ҳаргуна қонуншиканӣ, оворагардӣ ва дигар кирдорҳои зидди ҷамъиятӣ

date_range18.04.2023, 14:04 chat_bubble_outline0 remove_red_eye248

«Пешгирии ҷавонон аз ҳаргуна қонуншиканӣ, оворагардӣ ва дигар кирдорҳои зидди ҷамъиятӣ»- таҳти чунин унвон бо ибтикори корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рушди зеҳнӣ ва иқтисодии ҷавонон»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ дар Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе бо таълимгирандагони ин муассиса вохӯрӣ доир гардид.

Ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Дар давоми 31 соли истиқлолият дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, азхуд кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттиллоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, инчунин барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Дар ин замина баҳри пешгирии ҷавонону ноболиғон аз ҳаргуна қонуншиканӣ, оворагардӣ ва дигар кирдорҳои зидди ҷамъиятӣ» дар толори Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе бо ибтикори корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рушди зеҳнӣ ва иқтисодии ҷавонон»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ ҷамъомад доир шуд.

Зимни суханронии хеш масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ қайд кардад, ки имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Зеро имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар идома намояндагони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва роҳбарияти Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе ба сухан баромада аз рӯйи мавзӯҳои «Таҳдиду хатарҳои терроризм ва экстремизм ба ҷомеаи ҷаҳонӣ», «Нақши ҷавонон дар таҳкими рушди давлати демократии Тоҷикистон» ва дигар мавзӯҳои ҷолиби диққат ба ҳозирин маърӯза карданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"