image

Баргузории ҷаласаҳои Кумитаи иҷроияи Шӯрои генералӣ ва Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон

date_range18.04.2023, 14:23 chat_bubble_outline0 remove_red_eye190

Дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷаласаҳои Кумитаи иҷроияи Шӯрои генералӣ ва Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон доир гардид. Дар кори ҷаласаҳо аъзои Кумитаи иҷроияи, Шӯои генералӣ ва ҳамчунин кормандони масъули дастгохи марказии Федератсияи иштирок намуданд.

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода роҷеъ ба ҳадафи эълон гардидани соли 2023 ҳамчун «Соли ҳифзи меҳнат» аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон маълумот дод. Дар ҷаласаи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон масъалаҳои ҷамъбасти фаъолияти Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюм, иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми марти соли 2023 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2023» мавриди баррасии ҳамаҷонибаи ширкатдорон қарор гирифт.

Ҳамзамон ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми феврали соли 2023 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми феврали соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилотҳои буҷетӣ андози нафақа ва стипендия» таҳлилу баррасиҳои амиқ сурат гирифт.

Ҷойи таъкид аст, ки ҷаласаҳои Кумитаи иҷроия Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон пас аз муҳокимаи ҳамаҷонибаи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдорро қабул намуданд. Мавриди зикр аст, ки масъалаи ҳифзу ҳимояи манфиати кормандон дар ҳама ташкилоту корхона дар авлавияти фаъолияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон қарор дошта, чунин чорабиниҳо низ бо ин мақсад роҳандозӣ шудааст.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"