Баргузории намоиш ва ҳамоиши ҷумҳуриявӣ дар Осорхонаи миллӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ
Ҳамасола 18 апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ қайд мегардад. Ин сана бо қарори ЮНЕСКО соли 1984 қабул гардидааст. Мувофиқи иттилоъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 ҳазор ёдгории таърихӣ мавҷуд буда, аз инҳо 76 фоиз ёдгории бостонӣ, 24 фоизи он ёдгории меъморӣ ва боқимонда ёдгории меъмориву монументалӣ мебошад. Бахшида ба ин сана дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон тадбирҳои гуногуни соҳавӣ созмон дода шуд.
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ мусаввараҳои рассомон аз ҷумла «Эҳё», Масчид дар Хисор, Устод ва шогирдон, Масҷид, ҷомӣ дар китобхонаи Ҳирот, Самарқанд, Бухорои куҳан, Ишғоли қалъаи Ҳисор, Қалъаи сурх, Манораи калон ва ғайраҳо пешниҳод шудаанд. Ки ҳамагӣ аҳамияти таърихӣ ва осорхонавӣ дошта, доир ба ёдгориҳои меъмории халқи тоҷик ва инъикоси онҳо дар эчодиёти рассомон қисса мекунанд. Дар раванди ин чорабинӣ Вазири фарҳанги ҶТ, Президенти АМИТ ва роҳбарияти Осорхонаи миллӣ бо пешниҳоди маърӯзаҳои илмӣ иштирок намуданд. Ширкатдорон дар робита ба мавзӯҳои марбут ба ёдгориҳои таърихӣ андешаронӣ намуданд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ