Мулоқот доир ба ифротгароӣ дар маҳаллаи Гулобод
Мулоқоту вохӯриҳои судманд бо хонандагон аз ҷониби намояндагони сохтору мақомоти марбута ташкил мегардад. Вохӯрии навбатии кормандони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо хонандагону омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №108-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе доир гардид.
Дар ҷамъомад рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, фарҳанги бегона мавриди баррасӣ қарор гирифт. Гуфта шуд, ки таълиму тарбия дар ин самт бояд ҳамаҷиҳата пурзӯр карда шавад, то ки хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстӣ камол ёбанд.
Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ масъалаи шомилшавии ноболиғон, омилҳои даст задан ба ҷинояту ҷинояткорӣ, муноқиша миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, истифодаи нодуруст ва бемақсади шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баррасии ширкатдорони он қарор дода шуд. Дар асоси нақшачорабиниҳои муштараки Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе чунин тадбирҳои маърифатӣ мунтазам дар таълимгоҳҳои ҳудуди ноҳияҳои шаҳр гузаронида мешавад.
Сарвиноз Гулова
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ