image

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Коллеҷи мухандисию омӯзгории шаҳри Душанбе

date_range19.04.2023, 09:59 chat_bubble_outline0 remove_red_eye288

Устодону таълимгирандагони Коллеҷи мухандисию омӯзгории шаҳри Душанбе то ин дам аз надошани майдончаи варзишию солимгардонӣ танқиси мекашиданд. Ҳамакнун дар доираи амри Президенти ҶТ аз 30-юми марти соли 2021 дар саҳни муассисаи мазкур майдончаи зебову диданӣ барои бозии футболи хурд ва волейбол мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар расми кушодашавии иншооти варзишӣ, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумуҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти муассиса ва омӯзгорону донишҷӯёни ин боргҳ ширкат намуданд.

Бояд қайд намуд, ки майдончаи варзишӣ бо дарозии -30 м ва паҳноии 18 метр сохта шудааст. Гирду атрофи майдончаи варзишӣ бо фарогирии 165 метри муррабаъ сафолакпӯш карда шуда, ҳамзамон 1000 дона гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст, ки намуди майдончаи варзиширо боз ҳам зебою дилнишин гардонидааст.

Бо ифтитоҳи иншооти варзишӣ дар атрофи ин муассисаи таълимӣ амалан барои устодону донишҷӯён шароити беҳтари варзишу солимгардонӣ фароҳам шуд. Аз ин рӯйдоди фараҳбахш бахусус хурсандии донишҷӯписарон беҳаду ҳудуд буд.

Баъд аз баистифода супоридани майдончаи варзишӣ дар толори Шӯрои олимони Коллеҷи мазкур вохӯрии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ мавсуф оид ба масъалаҳои тақвият бахшидани корҳои тарбиявӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташкили вохӯриҳо барои донишҷӯён бо иштироки намояндагони мақомотҳои қудратӣ ва намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шомил нашудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, суҳбат намуд.

Дар ҷамъбасти вохӯрӣ ба 20 нафар таълимгирандагони Муассисаи давлатии “Маркази таълимии” “Чароғи ҳидоят”, ки аксаран духтарони ятими кулл, нимятим ва камбизоат мебошанду қаблан курси кутоҳмуддати омӯзиширо дар Маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосири Коллеҷ аз рӯи касби “Барандаи экскурсия” тариқи ройгон хамт намуданд, Шаҳодатнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"