Баргузории иқдоми «Тоҷикона мепӯшем» дар боғи фарҳангӣ – фароғатии Алишери Навоӣ
«Тоҷикона мепӯшем» - таҳти чунин унвон аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чорабинии хотирмон доир гардид, ки дар он занону духтарони фаъоли вазорату идораҳо ва муассисаю ташкилотҳо ширкат варзиданд. Гулдухтарон бо пешниҳоди беҳтарин либоси миллӣ иштирок намуда, бо либосҳои зебои атласу адрасу чакан сайри боғи фарҳангӣ – фароғатии Алишери Навоӣ намуданд.
Хурсандибахш аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст. Бояд гуфт чунин иқдом имконияти хубе барои муаррифии либоси маҳалливу миллӣ ва эҳёи суннатҳои неки ниёгон фароҳам меорад.
Тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз аз 5 апрел то 24-уми майи соли ҷорӣ иқдоми «Тоҷикона мепӯшем» дар тамоми гулгашту боғҳои ҳудуди пойтахт бо иштироки занону бонувони вазорату идораҳо ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз баргузории маъракаи мазкур тарғиби либоси миллӣ ба шумор меравад.
Мақсади дигари баргузории ин иқдом пешгирии либоспӯшии бархе занону бонувон ва ҷавондухтаронест, ки мутаасифона, имрӯз бо тақлид ба фарҳанги бегона либоси ғайр ба бар мекунанд.
Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ