image

Маросими пӯшидашавии мусобиқа кушоди футбол миёни наврасони кӯчаву маҳаллаҳои пойтахт барои дарёфти Ҷоми шаҳри Душанбе

date_range19.04.2023, 08:09 chat_bubble_outline0 remove_red_eye222

Бахшида ба Рӯзи Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе аз 9-ум то 17-уми апрел мусобиқаи кушоди футбол миёни наврасони кӯчаву маҳаллаҳои пойтахт барои дарёфти Ҷоми шаҳри Душанбе баргузор гардид. Бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари дастаҳо бозиҳо дар ду синну сол наврасони то 11 сола ва футболбозони то 15 сола ташкил ва гузаронида шуд, ки дар маҷмуъ беш аз 60 тими кӯдакона иштирок намуданд, ки беҳтарин дар ниҳоят маълум шуданд.

Бо дастгириҳоии Раиси шаҳри Душнабе – муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли дуюм аст, ки миёни кӯдакон ва наврасони тамоми кӯчаву маҳалла ва шаҳракҳои чор ноҳия мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Ин мусобиқа бо иштироки беш аз 60 даста дар ду сину сол роҳандозӣ гардид, ки он кӯдакону наврасони зиёдеро, ки дар майдончаҳои назди бино ва маҳаллаи худ тамрин мекунанд, ба ҳам овард.

Дар ҷараёни чорабинӣ дастаҳо талош кардан, то ба даврҳои асосӣ роҳхат пайдо намоянд ва бозиҳои зиёде сурат гирифтанд, ки дар ниҳоят онҳое, ки тамринҳои ҷиддӣ ва пайваста доштанд, ба марҳилаҳои асосии мусобиқа баромаданд. Миёни дастаҳои соли таввалудашон 2012 ба финал футболбозони кӯчаҳои Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ ва Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур баромаданд. Дар ниҳоят дастаи Неъмат Қарабоев бар ҳамсолони худ ғолиб баромада, дар ин синну сол мақоми аввалро ишғол карданд. Дар миёни солҳои таваллудашон 2008 бошад, дастаҳои бештар иштирок намуданд ва бозиҳо низ миёни онҳо ҷолибу диданӣ ҷараён гирифтанд. Миёни футболбозони то 15 сола низ дастаҳои Аҳмади Дониш ва Неъмат Қарабоев барои дарёфти Ҷоми шаҳри Душанбе мубориза бурданд ва дар ниҳоят ғолиби ин бозӣ тавассути иҷрои силсила зарбаҳои пеналтӣ муайян шуд.

Пас аз анҷоми тамоми бозиҳо маросими пӯшидашавии мусобиқа баргузор гардид, ки дар он Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, намояндагони ФФТ ва ФФ Душанбе, масъулони варзиши пойтахт ва дигар намояндагон иштироку суханронӣ карданд. Нахуст ба беҳтарин футболбозони тимҳои иштирокчӣ ва мураббиёни онҳо сипосномаҳои Раиси шаҳри Душанбе тақдим шуд. Бахшида ба рӯзи пойтахти Тоҷикистон ҳамчун туҳфаи Раси шаҳри Душанбе – муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба 20 дастаи футболе, ки дар ин мусобиқа иштироки фаъолона доштанд, либосҳои варзишӣ ва тӯбҳои босифати тамринӣ тақдим шуд.

Дастаҳое, ки зинаи 4-умро ишғол намуданд, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотӣ пулӣ қадрдонӣ шуданд. Ба дастаҳое, ки мақомҳои ифтихориро ишғол намуданд, медалу ифтихорнома, туҳфаҳои пулӣ ва медал ва Ҷоми мусобиқа дар вазъияти тантавӣ тақдим карда шуд. Ҳамин гуна дастаҳое, ки дар ҳарду сину сол баранда шуда буданд, дуюми Ҷоми шаҳри Душанберо болои сар бардоштанд. Дар интиҳо гуфта шуд, ки ин мусобиқа анъанавӣ буда, ҳамасола бо мақсади дарёфти истеъдодҳо, истифодаи самараноки майдончаҳои бунёдшуда ва оммавияти футбол дар миёни насли наврас ташкил ва гузаронида мешавад.

Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"