Сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар
Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур маросими гусели хатмкунандагони Донишгоҳ, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба хизмати модар Ватан мераванд, баргузор гардид.
Дар маросими гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур, масъулини комиссияи даъвати ноҳияи Исмоили Сомонӣ, роҳбарият, устодону кормандон, хатмкунандагон, донишҷӯёну магистрантони ин муассисаи олии таълимӣ иштирок намуданд.
Тавре иброз гардид, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ қарзи ватандорӣ ва номуси миллӣ ба шумор рафта, тибқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбӣ уҳдадории ҳатмии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин росто ҷавонони соҳибдилу худогоҳ ва пайравони асили Пешвои миллатро зарур аст, ки дар ҳифзи амнияту осоиштагӣ ва ҳимояи марзу буми мамлакат ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта бошанд. Имсол низ аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур гурӯҳи хатмкунандагон факултетҳои муассиса ихтиёран ба сафи Артиши миллии мамлакат барои иҷрои уҳдадории конститутсионии худ сафарбар гардиданд.
Дар идома масъулини комиссияи давъати н.И.Сомонӣ зимни баромади худ аз ташаббусҳои Раёсат ва донишҷӯёни Донишгоҳ изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуданд, ки чунин фаъолнокӣ ва ташаббускории коллективи устодону кормандон ва донишҷӯёну магистрантони ин муассисаи олии таълимӣ боиси ифтихору сарфарозист.
Ҳамин тавр ҷавонон ба комисарияти ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ рафта, барои адои хизмати ҳарбӣ омодагии худро бори дигар нишон доданд. Ҷойи таъкид аст, ки муҳофизати Ватан ва марзу буми поки он барои мардуми тоҷик ва аҷдодони мо аз қадимулайём мояи ифтихору нишонаи ҷавонмардӣ маҳсуб меёфт. Бо сарбаландиву сарафрозӣ ҷавонон омодагии худро барои хизмат бори дигар иброз намуданд. Ҳаминтавр нақшаи даъват дар ин ноҳияи шаҳри Душанбе пурра иҷро гардид.
Ҳакимзода Раҳим
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ