Ҳамоиши маърифатӣ-фарҳангӣ дар «Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбон»
Дар «Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбон» бо иштироки хонандагони «Литсейи рақами 3 барои хонандагони болаёқати ш.Душанбе» чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар доираи ҳамаи иду ҷашнҳо ва санаҳои муҳими таърихӣ дар ин Марказ чорабиниҳои тантанавӣ пайваста доир карда мешавад. Масъулини «Литсейи рақами 3 барои хонандагони болаёқати ш.Душанбе» тасмим гирифтаанд, ки як чорабинии хуберо баҳри болидаруҳии пиронсолон чорабинии фарҳангӣ доир намояд. Аксарият бошандагони Марказ пиронсолону маъюбон мебошанд.
Мавриди зкир аст, ки аз сатҳи баргузории ин гуна чорабиниҳоро ва шароити хизматрасониҳо дар Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбон бошандагон изҳори хушнудӣ намуданд. Бо дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти шаҳри Душанбе ҳоло шароити зарурӣ дар Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе барои зисту зиндагонии пиронсолону маъюбон таъмин шудааст.
Дар идома ҳунарнамоии хонандагон боиси хушҳолии бошандгони марказ гардид. Ташкили чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани рӯҳияи пиронсолон ва шоду масрур намудани онҳо мусоидат менамоянд. Ҳамин аст, ки дар заминаи нақшачорабиниҳои марказ пайваста чунин ҳамоишҳо ташкил мегардад.
Дар идомаи барномаи рангини фарҳангӣ аз ҷониби омӯзгорону хонандагони «Литсейи рақами 3 барои хонандагони болаёқати ш.Душанбе» ба бошандагони «Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбон»-и шаҳри Душанбе туҳфаҳои гуногун тақдим гардид.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ