image

Баргузории маҳфили расмкашӣ аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон

date_range19.04.2023, 15:07 chat_bubble_outline0 remove_red_eye200

Дар боғи кӯдакони шаҳри Душанбе дар доираи Шӯрои 19-умин Бозиҳои Осиёи Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар маҳфили расмкашӣ барои кӯдакони то 13 соларо баргузор намуданд.

Дар ин маҳфил тарбиятгирандагони Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе иштирок намуда аксҳои қаҳрамонон, рамзҳои бозиҳои олимпӣ ва зебогиҳои пойтахти кишварро тасвир кардаанд. Ба иттилои масъулин беҳтарин тасвирҳои иштирокчиёни ин маҳфил ҷудо гардида тасвиргаронашон аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.

Ҳамзамон кори дастии кӯдакон дар макони баргузории бозиҳои Осиёи овезон мешаванд. Имсол бозиҳои Осиёӣ аз 23 сентябр то 8-уми октябр дар шаҳри Ҳанжоуи Чин баргузор мешавад. Дар ин мусобиқаи сатҳи баланди кораи Осиё дар назар аст аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 100 варзишгар дар 19 навъи варзиш иштирок намоянд.

Дар хотимаи маҳфил масъулини варзиши кишвар ва намояндагони Кумитаи миллии олимпӣ суханронӣ намуданд. Инчунин дар фарҷом аз ҷониби дастандаркорон барои иштирокчиёни ин маҳфил барномаи фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардид.

Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"