Мулоқоти намояндагони МИҲД ноҳияи Шоҳмансур бо соҳибкорон
Бо мақсади иҷрои талаботи Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба тарғиби маданияти шаҳрнишинӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, густариши корҳои ободонӣ, риояи талаботи Қонунҳои ҶТ «Дар бораи таълиму тарбияи фарзанд» ва «Танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ», пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ миёни аҳолӣ пайваста вохӯриву мулоқоти гурӯҳи корӣ бо сокинону кормандони касбу кори гуногуни пойтахт доир мегардад.
Дар вохӯрии навбатӣ, ки бо соҳибкорону тоҷирони маркази савдою хизматрасонӣ доир гардид, намояндагон аз МИҲД-и н.Шоҳмансур ва сохторҳои ноҳиявӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромади иштирокчиён аз ҷумла зикр гардид, ки риояи ҳатмии муқаррароти фарҳанги шаҳрнишинӣ вазифаи ҳар як сокини пойтахт ба шумор меравад ва масъулияти баланди шаҳрнишиниро тақозо мекунад. Вобаста ба ин, пайваста аз тарафи гурӯҳҳои таблиғотӣ дар ҳама гӯшаву канори пойтахт корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ва кормандони бахшҳои гуногун гузаронида мешавад.
Бо истифода аз ҳузури соҳибкорону тоҷирон таъкид шуд, фарҳангу маданияти бозордории миллати тоҷикро риоя намуда, барои муаррифии он миёни меҳмонони кишвар саҳмгузор бошанд. Таъмини хизматрасониҳои баландсифат ба сокинон, риояи сару либоси корӣ ва тозагии нуқтаи саводою хизматрасонӣ аз масъалаҳои асосии шаҳрдорӣ маҳсуб меёбад, ки зимни ин мулоқот низ он мавриди баррасии ширкатдорон қарор гирифт.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ