Ғолибияти хонандагони шаҳри Душанбе дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
Даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 11 муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ҷамъбаст гардид.
Дар он хонандагони муассисаҳои шаҳри Душанбе бо гирифтани 80 ҷойи ифтихорӣ, 9 медали тилло, 13 медали нуқра ва 58 медали биринҷӣ дар ҷойи якум қарор гирифтанд.
Ҳамзамон хонандагони муассисаҳои вилояти Суғд сазовори 58 ҷойи ифтихорӣ, вилояти Хатлон- 48 ҷойи ифтихорӣ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ- 30 ҷойи ифтихорӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соҳиби 3 ҷойи ифтихорӣ гардид.
Ҷойи зикр аст, ки олимпиадаи мазкур дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» гузаронида шуд.
Баргузории чунин озмуну олимпиадаҳо яке аз воситаҳои муҳими дарёфти хонандагони боистеъдод ва лаёқатманд буда, дар ин самт бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои судманду муассир амалӣ мегарданд. Ин аст, ки дар мамлакат мунтазам ҳаракати олимпии хонандагон вусъат ёфта, шумораи бештари хонандагонро фаро гирифта истодааст.
Ҳакимзода Раҳим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ