image

Маросими гусели ихтиёриён ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

date_range20.04.2023, 12:15 chat_bubble_outline0 remove_red_eye243

Дар оғози чорабинии сафарбарнамоии ихтиёриён ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода баромад карда, қаблан барои хатми муваффақонаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ хатмкунандагонро табрик намуда, бо ифтихору қаноатмандӣ аз иқдоми дастпарварони Донишгоҳ дар мавриди ихтиёран сафарбар гардидан ба сафи артиши миллӣ ибрози андеша намуд.

Қайд гардид, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳар як шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Ҳар як ҷавон пас аз хатми муассисаи таълимӣ бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа худ донад. Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат мебошад.

Инчунин дар рафти чорабини аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳ хамчун имтиёз пешниҳод гардид, ки баъди адои хизмат онҳо метавонанд дар зинаи магистратура ройгон таҳсили худро идома диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки соли ҷорӣ 106 нафар хатмкунандагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ихтиёран барои сафарбар гардидан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза пешниҳод намуда, имрӯз дар марҳилаи аввал аз теъдоди болозикр 40 нафари онҳо ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"