Семинари илмӣ-омӯзишии ҷумҳуриявӣ бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ”
Дар доираи си лсила чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки нозирони ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ аз тамоми шаҳру навоҳии мамлакат машварати илмӣ-назариявӣ ва омӯзишӣ барои нозирони ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимини баргузории машварат сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги мамлакат қайд намуд, ки рузи байналмилалии ёдгориҳо соли 1983 аз ҷониби Ассамблеяи Шурои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи ёдгориҳо бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи омма ба масъалаҳои ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳои фарҳангии умумиҷаҳонӣ қабул шудааст ва ҳамасола дар арафаи таҷлил аз ин рӯз аз ҷониби Вазорати фарҳанг чорабиниҳои гуногун дар сатҳи баланд, баргузор мегардад, ки баргузории ин тадбир яке аз ин чорабиниҳои ҷашнӣ ба ҳисоб меравад.
Баргузории машварати омӯзишӣ бо максади ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳои таърихию фарҳангии миллати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанги тоҷик ва ба оламиён ба таври шоиста муаррифии ин ёдгориҳо арзёбӣ гардид.
Дар идомаи машварат нозирони ҳифзи ёдгориҳо доир ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии ҳар як шаҳру навоҳӣ ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки ҷиҳати амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ дар самти ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик, ки барои солҳои гуногун аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, пайваста кушиш ба харҷ медиҳанд, то ёдгориҳои тарихию фарҳангии мамлакат дар сатҳи зарурӣ ҳифз ва нигоҳдорӣ карда шаванд.
Бояд гуфт, ки ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакат яке аз василаи ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистони биҳишосо буда, имрӯз сайёҳони хориҷи ба ин ёдгориҳо таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Чорабинии мазкур бо муҳокимаронӣ, изҳори андешаҳо ва таклифу пешниҳодҳои муфид барои рушди соҳа хотима ёфт.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ