image

ВОХӮРӢ БО МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАВИИ ҚОШҒАРИ НОҲИЯИ СИНҶОН-УЙҒУРИ ҶМЧ

date_range20.04.2023, 21:52 chat_bubble_outline0 remove_red_eye257

ш.Душанбе. 14.04.2023. Муовини Раиси шаҳри Душанбе А.Абдураҳмонзода бо ҳайати Маъмурияти минтақавии Қошғари ноҳияи Синҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ва намояндагони ширкатҳои соҳавии он таҳти роҳбарии Директори ширкати «Xinjiang Luqiao Nanjiang Engincering Construction Co., Ltd» Лю Тсинтсюан вохӯрӣ намуд.

Дар ҷараёни музокирот масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаи бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, бахусус меҳмонхонаҳо дар шаҳри Душанбе мавриди муҳокима қарор гирифт. Ҷонибҳо атрофи паҳлӯҳои алоҳидаи мавзӯъ мубодилаи афкор намуда, ба масъалаҳои тарҳ ва услуби бунёди меҳмонхонаҳои муосир, сифатнокии корҳои сохтмонӣ, истифодаи маҳсулоти хушсифат дар корҳои бунёдкорӣ ва дигар масоили марбут ба бунёду баҳрабардории инфрасохтори сайёҳӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки сафари ҳайати Қошғари Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 то 14 апрел идома ёфта, тайи он намояндагони ноҳияи Синҷон-Уйғур бо роҳбарони вазорату идораҳои кишвар оид ба роҳандозии муносибатҳои ҳамкорӣ дар як қатор соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб муфид мулоқоту нишастҳо доир намуданд.