image

Хизмат ба Ватан дарси мардонагист!

date_range24.04.2023, 13:35 chat_bubble_outline0 remove_red_eye308

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ барои ҷалби хатмкунандагони донишгоҳ ба хизмати аскарӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маърифатӣ пайваста гузаронида мешаванд. Ин аст, ки санаи 22-юми апрели соли равон ҳудуди 70 нафар донишҷӯи курси чорум, аз шаш факултети донишгоҳ баъди бомуввафақият супоридани имтиҳони давлатӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ихтиёран сафарбар карда шуданд.

Масъулини зимни баромади худ дар ҳузури устодон аз ибтикороти хатмкунандагон дастгирӣ намуда, онҳоро барои хизмати ҷавонмардона ва софдилона дар ҳифзи Ватан даъват карданд. Дар баробари ин таъкид шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи шаҳрвандӣ ва ҷавонмардии ҳар як ҷавонмард аст ва онро ҳар соҳибватан бо сари баланд ва мардонавор бояд иҷро намояд. Афсарону сарбозони Артиши миллӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои истиқлолият хизмати содиқонаву арзандаи худро ба ҷой оварданд.

Ба ин муносибат бо ҳузури волидайни даъватшудагон дар саҳни донишгоҳ маросими гусели даъватшавандагон баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода, масъулини ноҳияи Сино ва коммисариати ҳарбии ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд ва аз тарафи эшон ба донишҷӯёни сафарбаршуда ҳуҷҷатҳои ронандагӣ супорида шуд. Сипас ҷавонони ватандӯст ва баору номуси ин муассисаи олии таълимӣ, ки омодагии худро барои хизмат нишон додаанд, ба комисариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сафарбар гардиданд.

Бояд гуфт, ки баргузории ин қабил чорабиниҳо садоқати ҳар шаҳрвандро нисбат ба Ватан афзун мегардонад.

Мардонов Қандил
"ТВ Душанбе"