Сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммадҷон Осимӣ маросими гусели хатмкунандагони Донишгоҳ, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба хизмати модар Ватан мераванд, баргузор гардид.
Ба муносибати гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ чорабинии маърифатию фарҳангӣ ташкил гардид. Дар маросими гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммадҷон Осимӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода, роҳбарияти донишгоҳ, масъулини комиссияи даъвати ноҳияи Шоҳмансур, роҳбарият, устодону кормандон, хатмкунандагон, донишҷӯёну магистрантони ин муассисаи олии таълимӣ иштирок намуданд. Зимни баромадҳо масъулин афзуданд, ки «Артиши миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ марҳила ба марҳила қавитар гардида, бо дастгириҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо техникаву таҷҳизоти замони муосир таъмин шуд. Имрӯз тамоми шароити арзанда дар ин самт муҳайё буда, ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта, зираку чолок, ватандӯсту меҳанпараст, худшиносу худогоҳ сарбаландона адои хизмат менамоянд».
Дар идома ба ин муносибат барномаи рангини фарҳангӣ дар ин муассисаи олии таълимӣ созмон дода шуд, ки боиси болидарӯҳии ширкатдорон гардид. Ҳаминтавр барои иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ва рисолати фарзандии худ хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммадҷон Осимӣ ба комисариати ҳарбӣ гусел карда шуданд. Мавриди зикр аст, ки тадбирҳои судманд дар пойтахт бо мақсади ҷрои нақшаи даъват ҳамарӯза амалӣ мегардад.
Мардонов Қандил
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ