Хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандии ҳар ҷавонмард
Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маросими гусели 27 нафар хатмкунандагон, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба хизмати модар Ватан мераванд, баргузор гардид.
Дар маросими гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, масъулин ва навдаъватшудагон иштирок намуданд. Тавре иброз гардид, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ қарзи ватандорӣ ва номуси миллӣ ба шумор рафта, тибқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбӣ уҳдадории ҳатмии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар ин рӯз зиёда аз 27 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон пас аз хатми муассисаи олии таълимӣ ихтиёран ба сафи Артиши миллии мамлакат барои иҷрои уҳдадории конститутсионии худ сафарбар гардиданд.
Зикр карда шуд, ки муҳофизати Ватан ва марзу буми поки он барои мардуми тоҷик ва аҷдодони мо аз қадимулайём мояи ифтихору нишонаи ҷавонмардӣ маҳсуб меёбад. Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ“” шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм менамоянд, танҳо баъди 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ба онҳо рутбаи аввалини афсарӣ дода мешавад. Хизмати ҳарбӣ барои ҷавонписарони аз 18 то 27-сола, ки муассисаҳои миёнаи умумӣ ва миёнаи касбиро хатм намудаанд, 24 моҳ муқаррар карда шудааст. Зеро онҳо дар кафедраҳои ҳарбӣ ихтисосҳои гуногунро ба таври назариявӣ аз бар карда, ҳамчун мутахассис ба сафи артиш шомил мешаванд ва дарсҳои назариявиро ба таври амалӣ тақвият бахшида, баъди як соли хизмат сазовори рутбаи аввалини афсарӣ, яъне лейтенанти хурд мегарданд.
Ҳамчунин дар вазъияти тантанавӣ ба ҷавононе, ки дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмати ихтиёрӣ интихоб мекунанд, шаҳодатномаи ронандагӣ дода мешавад.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ