image

Маросими гусели ихтиёриёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар

date_range25.04.2023, 15:34 chat_bubble_outline0 remove_red_eye195

Чорабинии тантанавӣ дар толори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба хотири гусели 51 нафар донишҷӯи ин муассисаи олии таълимӣ ба хизмати ҳарбӣ баргузор шуд.

Донишҷӯён ба таври ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд. Дар маросими бошукӯҳ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Комиссариати ҳарбии ноҳия, роҳбарият ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд. Дар оғоз ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон донишҷӯёнеро, ки ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ шомил гардиданд, табрику таҳният гуфта, ба волидайни онҳо изҳори миннатдорӣ намуд.

Гуфта шуд, ки Қувваҳои мусаллаҳои Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба шумор рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф - ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеаро бар дӯш дорад. Бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст.

Раёсати донишгоҳи технологӣ ба ҳар як донишҷӯе, ки имрӯз ба хидмати Модар-Ватан сафарбар карда шуданд, имтиёзҳои хубу мусоидро пешниҳод намудааст. Аз ҷумла ба ҳамаи донишҷӯён имконият фароҳам оварда шуд, ки имтиҳонҳои давлатиро пеш аз муҳлат супорида, соҳиби дипломи тахассусӣ шаванд. Шаҳодатномаҳои хатм дар вазъияти тантанавӣ ба наваскарон супорида шуд. Сипас масъулин дар вазъияти тантанавӣ ихтиёриёнро ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ гӯсел карданд.

Бояд гуфт, ки тибқи тасмими раёсати донишгоҳ донишҷӯёне, ки шартномавӣ таҳсил менамоянд, имкон доранд, ки баъд аз адои хизмати ҳарбӣ таҳсилро дар зинаи магистратура дар шакли буҷавӣ идома диҳанд. Ҳамин гуна донишҷӯёни ДТТ бо ифтихор аз ватану ватандорӣ ва дар пайравӣ аз сиёсати Пешвои муаззамаи миллат ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ сафарбар гардида, дар таъмини фазои орому осудаи Ватан ва амнияти ҷомеа қарзи шаҳрвандии худро адо хоҳанд кард.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"