Бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар толори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо иштироки меҳмонон аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳ бахшида ба рӯзи илмӣ тоҷик, ки ҳамасола ҳафтаи сеюми моҳи апрел дар ҳама донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар доир мегардад, таҳти унвони «Нақши сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва саноат дар раванди амалисозии ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ доир гардид.
Ҳамоиши навбатиро, ки бахшида ба Рӯзи илми тоҷик доир гардид, нахуст ректори Донишгоҳ ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки баргузории Рӯзи илми тоҷик ҳамасола дар моҳи апрел дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Воқеан, бахшидани ин ҳафта ба илм боис мегардад, ки муҳақиқону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ бори дигар ба илм таваҷҷуҳ намоянд ва мавзӯоти илмии худро бо дигар ҳамкорон-ихтисосмандони соҳа радду бадал созанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солхои 2022-2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намуда таъкид доштанд, ки «Бинобар аҳамият бузурги соҳаи саноат дар рушди минъбадаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шавад». Яке аз чунин чорабиниҳои илмӣ, конфронси илмӣ-назариявии омӯзгорону донишҷӯён мебошад, ки санаи 24 ва 25 апрел дар донишгоҳ доир мегардад ва фарогири фаъолияти илмии ҳайати илмӣ-омӯзгорӣ, докторантон, магистрантон ва донишҷӯён мебошад.
Дар идомаи Конфронс вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, зимни баромади хеш иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз рӯзҳои аввали даврони соҳибистиқлолии кишвар масъалаи рушди илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон намуд. Ин аст, ки тӯли 31 соли истиқлолият пешравиҳои азим дар самти илм ва маорифи кишвари азизамон ба даст омад. Ҳамзамон, мавсуф доир ба дастовардҳои бузурги тайи чанд соли охир бадастовардаи роҳбарияти Донишгоҳ махсусан дар самти илм ёдовар шуда, ҳозиринро ба ин комёбиҳо шодбош намуд.
Ёдовар мешавем, ки конфронси илмӣ-назариявии омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ, ки ба баррасии масъалаҳои мубрам бахшида шудааст, рӯзҳои 24-25 апрел доир карда мешавад ва мақолаҳои беҳтарин бо тавсияи Комиссияи тадорукот дар шакли маводи алоҳида пас аз баргузории конфронс нашр карда мешаванд. Маврид ба зикр аст, ки дар доираи ҳафтаи илм дар донишгоҳ то санаи 29-уми апрели соли ҷорӣ чорабиниҳои гунгун аз қибили мизҳои мудаввар, конфронсҳо ва ҷамъомадҳои илмӣ доир карда мешаванд, ки дар ин муддат иштирокдорон аз рӯи мавзӯҳои гуногун маърӯза мекунанд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ