image

Баргузории даври ноҳиявии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

date_range25.04.2023, 20:56 chat_bubble_outline0 remove_red_eye261

25-уми апрел дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ даври ноҳиявии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.

Бо иқдоми наҷиб ва дурбинонаву ояндасози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани мақому манзалати нақшу нигор, сӯзанидӯзиву гулдӯзиҳои миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандон дар кишвар Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» доир мегардад.

Нахуст роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ боздид намуданд. Сипас дар толори муассисаи таълимӣ муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тамоми иштирокчиёни чорабиниро шодбош гуфта, изҳор дошт, ки баргузории Фестивали «Сад ранги чакан» (ҳунари чакандӯзӣ) низ яке аз тадбирҳои асили гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ буда, ҳадафи он баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.

Баъд аз суханронӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатии омоданамудаи аҳли ҳунару санъати ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» бо фарогирии намояндагон, занону бонувони ҳунарманди тамоми манотиқи Тоҷикистон дар 3 давр сурат мегирад. Даври аввал бо муайян намудани беҳтарин чакандӯз, сӯзанидӯз ва тарроҳ дар шаҳру ноҳия, даври дуюм дар вилоятҳо гузаронида шуда, даври сеюм ва ниҳоӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад. Ҳадафи он баланд бардоштани мақоми либоси миллӣ ва муосири кӯдакон, наврасон, ҷавонон, духтарон, занон, бонувон, мардон ва риояи тарзи пӯшидани он дар мамлакат мебошад. Ҷавондухтарону ҷавонписарон ва бонувони зебои тоҷик дар ин барномаи дилнишини фарҳангӣ либосҳои тоҷикиро вобаста ба касбу кор ва мавсими сол бо ороишоти миллӣ тавассути ҳунари волои таронаву рақс манзури иштирокдорони фестивал намуданд.

Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» барои рушди либоси миллӣ ва муосир, кӯдакону наврасон, ҷавондухтарону ҷавонписарон ва саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин истеҳсоли гуногуни матоъҳои ватанӣ мусоидат намуда, мақсади баргузории он арҷ гузоштан ба фарҳанги либос ва муаррифии ҳунари волои халқи тоҷик дар дӯхти либоси миллӣ мебошад.

Ҳамчунин баргузор намудани фестивали мазкур ба эҳтироми арзишҳои фарҳанги либоси миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ, боло бурдани маданият ва бедор намудани завқи баланди либоспӯшии аҳли ҷомеа равона гардида, анъана ва навъҳои гуногуни матоъҳои ватанӣ вобаста ба фаслҳои сол мусоидат менамояд. 

Валиҷон Шарифзода

"ТВ Душанбе"