Омодагӣ ба Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар кишвар
Аз 24 -ум то 29-уми апрели соли 2023 дар ҷумҳурӣ ҳафтаи аврупоии эмкунӣ (иммунизация) гузаронида мешавад, ки он дар пешгирии ҳаргуна бемориҳои сироятӣ мусоидат мекунад.
Вобаста ба татбиқи «Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ бахшида ба Ҳафтаи аврупоии иммунизация дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика», намояндагии Бюрои минтақавии аврупоии Созмони Умумиҷаҳони тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони милали муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ кормандони ин ниҳодҳо ва дигар шахсони масъули кишвар ширкат ва суханронӣ варзиданд.
Ҳадаф аз баргузории ҷорабинӣ баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ оид аҳамияти иммунизатсия, ки ягона воситаи самаранок оид ба пешгирӣ ва муҳофизат намудани кӯдакон аз бемориҳои сирояткунандаи сил, гулӯзиндонак, сурхча, баногӯшак, гулафшон, кузоз, фалаҷ, гепатити В, кабудсулфа, сироятҳои ротавирусӣ, пневмококкӣ ва гемофилии шакли b мебошад.
Дар чорабинӣ аз ҷумла, масъалаи дарки волидайн ба раванди эмкунии атфол, мубтало нагардидани онҳо ба бемориҳои гуногуни сироятӣ ва дар ҳамбастагӣ мубориза бурдан бар зидди ин гуна бемориҳо баррасӣ карда шуд. Ҳамзамон, аз ҷониби масъулин қайд гардид, ки натиҷаи ваксинагузаронӣ дар саросари ҷумҳурӣ нишон дод, ки оғози аз соли 2022 бемории Ковид ба қайд гирифта нашудааст.
Қисмати 2-юми нишаст дар саҳни меҳмонхона идома ёфта, ба кормандоне, ки дар самти эмгузаронӣ дар саросари кишвар саҳм гузаштаанд, аз ҷониби масъулин бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда шудаанд.
Гулова Сарвиноз
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ