“Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд”. Баргузории ҳамоиш бо чунин унвон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон
“Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд”-таҳти чунин унвон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба 145-солагии зодӯзи сардафтари адабиёти навини тоҷик, адиб, академик ва нахустин Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ роҳандозӣ гардид.
Дар ин мизи мудаввар олимону коршиносон ва роҳбарияту кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Тавре гуфта шуд, хизматҳои олим, академик ва нахустин Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар рушди адабиёти тоҷик басо зиёд буда, маҳз он ҳама хизмату заҳматҳои шоистаи устоди абармарди тоҷик буд, ки имрӯз халқи тоҷик ҳамчун дорои адабиёти бою ғанӣ шинохта шудааст.
Дар идома доир ба эҷодиёт, ҳаёту фаъолият ва нақши устод Садриддин Айнӣ дар пойдории забон, маданият ва арзишҳои фарҳангии халқи тоҷик маърузаҳо пешниҳод карданд.
Ёдовар мешавем, ки 8-уми сентябри соли 1997 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба устод Айнӣ унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд.
Талошҳои равшангарии устод Айнӣ ҳидояте ба бунёди ҷомеаи олии инсонӣ ва сохтмони ҷаҳони маънавӣ аст. Ин нависандаи мумтоз ва донишвари сухантироз ба ҳаллу фасли масъалаҳое иқдом ёфтааст, ки муҳимтарин нуктаҳои замон ва ҷомеаро таҷассум менамояд.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ