image

Конфронси байналмилалии журналистон

date_range26.04.2023, 10:32 chat_bubble_outline0 remove_red_eye327

Бо ширкати 70 хабарнигор аз 50 кишвари ҷаҳон рӯзи 25 апрел дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея “Конфронси байналмилалии журналистон-2023”, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи журналистони Корея ташкил шудааст, ба кори худ оғоз кард.

Дар конфронс, ки таҳти раёсати профессори фахрии Донишгоҳи Миллии Чунгнам Чо Сон Гём сурат гирифт, хабарнигорон накши расонаҳои маҳаллиро дар мисоли кишварҳои гуногун мавриди муҳокима қарор дода, мубодилаи афкор намуданд.

Иштирокчиёни чорабинӣ, ки то 29-уми апрел идома хоҳад кард, имкон доранд, роҳҳои минбаъдаи рушди ҳамкориҳои минтақавии ВАО-ро таҳти унвони «Рушди минтақаҳо ва вазифаҳои ВАО»-ро баррасӣ намоянд.

25 апрел дар меҳмонхонаи “Президент”-и шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея “Конфронси байналмилалии журналистон-2023(WJC)” ба кори худ оғоз бахшид, ки ин чорабинӣ тибқи барнома то 29 апрел идома хоҳад кард.

Дар сурат хабарнигорон аз кишварҳои мухталифи чаҳон, ки дар конфронс иштирок доранд, акс ёфтаанд. (Аз чап ба рост) мухбир Маенг Дэ-хван аз қароргоҳи «Ньюсис» дар Кванҷу-Чоннам (раиси Ассотсиатсияи хабарнигорони Кванҷу-Чоннам), Пораме Тангсатифон- хабарнигори Агентии “Бангкок Пост”-и Таиланд, Пабло Леон –хабарнигори "Эл Паис"-и Испания, Муҳаммад Асму-Ба хабарнигори "SLBC" аз Серра-Леоне”, Илбо Ким Ҷун Ёнг ва Ли Санг-бае хабарнигорон аз Бусан ва профессори фахрии Донишгоҳи миллии Чунгнам Чо Сонг-Гём ба сифати модератор баромад карданд.