image

МАРОСИМИ ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ “ДОНОЯКОН”

date_range26.04.2023, 21:32 chat_bubble_outline0 remove_red_eye257

26 апрели соли 2023 бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа Одилзода Дилбар Раҳим, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур дар муассисаи таҳсилоти томактабии №30-и ноҳияи Шоҳмансур маросими ҳавасмандгардонии ғолибони озмуни шаҳрии “Доноякон” баргузор гардид.

Боиси зикр аст, ки ҳайати ҳакамони озмун сатҳи  донишу малакаи довталабонро вобаста ба аз бар намудани шеъру донистани афсонаҳои гуногун, нақл намудан аз рӯи расми пешниҳодшуда, маълумот пешниҳод карда тавонистан дар бораи Ватан, оила, фаслҳои сол ва ғайра, номбар карда тавонистани калимаҳо ба овозҳои садоноку ҳамсадо, аз 3 то 6 калима сохтани ҷумлаҳо, ба тартиб шуморидан аз адади 1 то адади 20 ва баръакс, тасаввуроти кўдакон дар бораи ҳалли муаммоҳои арифметикӣ, кашидани расм тибқи супориш муайян намуда, лаёқат, малака, маҳорати иштирокчиён - тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанберо  таҳлил ва натиҷагирӣ карда, ғолибони даври сеюмро муайян намуданд.

Дар умум, дар даври шаҳрии озмун 48 нафар иштирок намуда, 5 нафар: Саидова Зуфнун-тарбиягирандаи муассисаҳои таҳсилоти томактабии №65, Ҳисомутдинов Масрур - №123, Ахмедов Самиаллоҳ -№72, Рустамзода Муҳсин №130-и ноҳияи Фирдавсӣ, Ҷураева Дурдона №159-и ноҳияи Шоҳмансур сазовори ҷойи 1, 4 нафар: Шарифзода Имрон №137-и ноҳияи Сино Раупова Ҳабиба, №117-и ноҳияи Фирдавсӣ, Кабирзода Шаҳдовар №63-и  ноҳияи Фирдавсӣ,  Анвари Хушранг №81-и ноҳияи Сино сазовори ҷойи 2 ва 4 нафар: Исмоилзода Фаршед №118-и ноҳияи Сино,  Амирова Зулола №1-и ноҳияи Шоҳмансур, Шарифов Мустафо №85-и ноҳияи Сино, Маҳмадализода Маҳдӣ № 4-и ноҳияи И. Сомонӣ сазовори ҷойи сеюм гардида,  8 нафар тарбиягирандаи фаъол Маҳмадалиева Фотима №132-и ноҳияи Фирдавсӣ, Шарифова Омина №137-и ноҳияи Сино, Бухоризода Мустафо №93-и ноҳияи Сино, Сироҷзода Идрис №89-и ноҳияи Сино, Азизода Салмон №45-и ноҳияи И. Сомонӣ, Баротова Закия №134-и ноҳияи Фирдавсӣ, Озодаи Хуршед №30-и ноҳияи Шоҳмансур, Хушмуродзода Муҳаммад № 53-и ноҳияи Фирдавсӣ бо ифтихорномаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Инчунин, барои саҳмгузорӣ дар ташкили озмун Набиева Ҷамила, Холалиева Мадина-аъзои кумитаи тадорукот ва Зокирзода Шоира-мудири муассисаи таҳсилоти томактабии №30-и ноҳияи Шоҳмансур бо Сипосномаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе сарфароз карда шуданд.