image

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол- 2022» таҳти унвони «Қуллаи Шараф»

date_range28.04.2023, 11:15 chat_bubble_outline0 remove_red_eye179

Бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол- 2022» таҳти унвони «Қуллаи Шараф» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, иштирокчиёни озмун ва намояндагони бахши хусусӣ иштирок намуданд.

Маросим бо сухани ифтитоҳии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқи Амин оғоз гардида таъкид намуд, ки озмун ҷиҳати иҷрои банди дахлдори Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 роҳандозӣ гардид.

Бояд гуфт, ки ҳадафи асосии озмун ин ҷалби таваҷҷуҳи соҳибкорон ба моҳият ва нақши бренд дар тиҷорат, ҳавасманд намудани соҳибкорон барои ба даст овардани тамғаи молӣ ва ҳифзи ҳуқуқии онҳо мебошад.

Сипас ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол-2022» таҳти унвони «Қуллаи Шараф» бо тантана ҷоизаҳо супорида шуданд. Ҷоизаҳоро ба ғолибон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдо, Вазири энергетика ва захираҳои об, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Раиси Палатаи савдо ва саноат ва директори Маркази миллии патенту иттилоот тақдим намуданд.

Дар баробари дигар сохтору мақомоти кишвар, ҳамзамон Корхонаи Воҳиди Давлатии Бонки Амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо назардошти доираи фарогирии шабакаҳо, иқтидор, мавқеъ, нишондиҳандаҳои молиявӣ ва ҷиҳати саҳми бевосита гузоштан дар татбиқи сиёсати молиявӣ ва рушди устувори иқтисодиёти мамлакат бо ҷоизаи тиллоии «Бренди сол-2022» сарфароз гардонида шуд.

Имсол дар озмуни ҷумҳуриявӣ 110 бренд пешниҳод шудаст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Мақсад аз гузаронидани озмуни мазкур, ин ташвиқ ва тарғиби соҳаи ҳифзи ҳуқуқии тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян ва пешниҳод намудани намунаҳои идоракунии боэътимоди брендҳо, ҳавасмандгардонии ширкатҳо барои истифодабарии брендинг мебошад.

Дар доираи баргузории озмун ҳунармандони машҳури ҷумҳурӣ низ ба хотири болидахотирии иштирокчиён сурудҳои худро пешниҳод намуданд, ки ба иштирокчиён писанд омад.

Қандил Мардонов

"ТВ Душанбе"