Вохӯрии намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Дар доираи нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа ҷиҳати тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Оид ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва “пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомил шудан ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгарои хусусияти экстремистӣ дошта” вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ректори академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодону донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ босухани ифтитоҳӣ чорабиниро оғоз намуда мавсуф зикр намуд, ки дар замони мураккаби ҷаҳонишавӣ алалхусус таҳдиди хатарҳои замони муосир моро лозим аст, ки ба арзишҳои миллӣ хеш бештар арҷгузор бошем.
Сипас Ректори академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни маърузаи худ афзуд, ки рисолати ҳар яки мову шумо ин нигоҳ доштани фазои тинҷу ороми Ватани азизамон буда, дар ин замина тарбия намудани насли наврас дар ҳисси худогоҳи ва ҳуввияти миллӣ вазифаи асосии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад. Сокини пойтахт будан шарафи бузург буда дар айни замон масъулияти баланди шаҳрвандиро талаб менамояд.
Дар идома Сардори раёсати таъминоти иттилотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуда, қайд кард, ки худшиносӣ мақому манзалати инсонии хyдpо бо pешаҳои таъpихӣ, бо саpнавишти миллату халқи худ ва бо аҳли башаp даpк каpдан аст. Ифтихор аз гузаштаи таърихи куҳанбунёди хеш вақте пайдо мешавад, ки аз он огоҳ бошӣ, онро мояи омӯзиш, ибрат ва шукӯҳмандӣ бидонӣ, зеро таърихи фарҳангу тамаддун, забон, адаб, урфу одат вазифаи ҳар як фарди бедордилӣ ин сарзамин аст.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар шароити басо мураккабу печидаи ҷаҳони муосир ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он вазифаи ҷонӣ, масъулияти виҷдонӣ ва қарзи имонии ҳар як фарди бонангу номуси миллат мебошад.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ