image

“Истиқлол ва рушди санъати мусиқии тоҷик: Воқеият ва дурнамои консерватория” таҳти чунин унвон дар толори Консерваторияи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуривии илмӣ-амалӣ доир гардид

date_range01.05.2023, 17:18 chat_bubble_outline0 remove_red_eye226

Дар доираи ҳафтаи илм, ки ҳамасола ҳафтаи сеюми моҳи апрел дар ҳама муассисаҳои олии касбии кишвар бо баргузории чорабиниҳои гуногуни илмӣ-амалӣ ва барномаҳои рангини фарҳангӣ доир мегардад, ин навбат дар толори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов ҳамоиш доир гардид.

Дар кори он роҳбарият, устодон ва магистрони ин муассисаи таълимӣ аз рӯйи мавзӯҳои гуногун маърӯза карданд.

Бояд гуфт, ки ҳамоиши мазкур ба 20 солагии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва ҳайёт ва фаъолияти роҳбарияти авваллини ин муассисаи таълими Талабхӯҷа Сатторов бахшида шудааст.

Зимни ифтитоҳи чорабинии мазкур масъулини ин муассисаи олии касби сухан карда, қайд намуд, ки баргузории семинару ҳамоишҳои илмӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар барои ҷалби ҷавонон ба пажӯҳишҳои илмӣ мусоидат менамояд. Зеро асоси пешравии дилхоҳ соҳа ба анҷоби босифати корҳои илмӣ вобаста аст.

Қиёмиддини Ҳомид

"ТВ Душанбе"