image

Театри давлатии Лӯхтаки шаҳри Бӯстон дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ "Парасту-2023" бо намоишномаи "Дӯсти нодон" ширкат намуд

date_range01.05.2023, 17:40 chat_bubble_outline0 remove_red_eye180

Дар рӯзи чоруми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ Парасту 2023, ҳунармандони Театри давлатии Лӯхтаки шаҳри Бустони вилояти Суғд бо намоишномаи "Дӯсти нодон" рӯи саҳанаи театри давлатии Лӯхтаки шаҳри Душанбе нақшофарӣ намуданд.

Ҳунармандони театр азм доранд, ки миёни театрҳои касбии мамлакат дар фестивали мазкур ҷои намоёнро сазовор бошанд. Аз ҳама муҳим “Парасту-2023” имкониятест, барои беҳтар шудани муҳтавои намоишномаҳо ва тарбияи дурусти ҷавонони болаёқат дар ҷодаи санъати театрӣ.

Ин намоишноимаро ҳунармандони театр дар рӯзи чоруми фестивал озмуни Парасту дар Театри давлатии Лӯхтаки шаҳри Душанбе пешкаши аҳли толор намуданд.

Спектакл дар баробари мазмуну муҳтавои баланд бо диди тоза офарида шудааст. Бинобар ин роҳбарияти театри мазкур зарур шумориданд, ки дар фестивалозмуни театрҳои касби Парасту маҳз ҳамин намошномаро пешниҳоди аъзои ҳакамон ва дӯсторони санъати теарӣ гардонанд.

Қиёмиддини Ҳомид

"ТВ Душанбе"