image

ПРЕЗИДЕНТИ ФИФА ҶАННИ ИНФАНТИНО БА ТОҶИКИСТОН ТАШРИФ ОВАРД

date_range02.05.2023, 09:29 chat_bubble_outline0 remove_red_eye280

Президенти Федератсияи байналмилалии футбол Ҷанни Инфантино бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбари футболи ҷаҳонро роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон самимона истиқбол гирифтанд. Дар доираи сафари расмӣ президенти ФИФА Ҷанни Инфантиноро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазиранд. Илова бар ин, Ҷанни Инфантино бо раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқоти расмӣ доир карда, масъалаҳои рушди футбол дар кишварро баррасӣ мекунанд.

Президенти ФИФА ҳамчунин дар Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар Душанбе ширкат хоҳад кард, ки зимни он маросими интихоби роҳбарияти CAFA барои давраи чаҳорсолаи нав сурат мегирад.