image

Мулоқот бо Президенти ФИФА ва Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК)

date_range02.05.2023, 10:46 chat_bubble_outline0 remove_red_eye244

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол (ФИФА) Ҷованни Инфантино ва Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) Салмон бин Иброҳим Ал-Халифаро, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин сохторҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавии футбол муҳокима гардиданд.

Аз ҷумла мавзӯъҳои мавқеи футбол дар ҷомеаи Тоҷикистон ва оммавигардонии ин намуди машҳури варзиш дар кишвари мо, ҳамчунин, тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумат ва Федератсияи футболи Тоҷикистон бо мақсади рушди минбаъдаи футбол андешидашаванда мавриди гуфтугӯ қарор доштанд.

Аз сатҳ ва муҳтавои ҳамкории Федератсияи футболи Тоҷикистон бо ФИФА ва Конфедератсияи футболи Осиё изҳори қаноатмандӣ карда шуд.  

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ба масъалаҳои такмили минбаъдаи пойгоҳи зерсохтории футбол дар Тоҷикистон, дурнамои рушди футболи кўдакону наврасон ва бонувон, инчунин бозии футбол дар толор (футзал) таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.

Пешвои миллат ба Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол ва Конфедератсияи футболи Осиё барои мусоидат ва дастгирии доимиашон дар масъалаҳои рушди футболи Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳамкории Тоҷикистон бо ин сохторҳои ҷаҳонӣ ва минтақавии футбол дар оянда низ дар рӯҳияи созандагӣ идома хоҳад ёфт.

Қобили зикр аст, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити бештар мусоид барои рушду пешрафти футбол дар кишвари мо пайваста чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Тайи солҳои соҳибистоқлолии давлатӣ дар Тоҷикистон беш аз 7400 майдону майдончаҳои варзишӣ дар минтақаҳои мухталифи кишвар таъмиру таҷдид ва бунёд гардидаанд. Танҳо дар шаҳри Душанбе тайи панҷ соли охир беш аз 300 адад майдончаҳои варзишӣ сохта, ба истифода дода шудаанд ва айни ҳол дар пойтахти мо беш аз 470 майдону майдончаҳои бозии футбол мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.

Айни замон “Барномаи рушди футбол дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022 – 2026» ва “Барномаи махсуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024" мавриди иҷро қарор доранд.