image

Вохӯрии намояндагони бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Сино бахшида ба Рӯзи байнамилалии оила

date_range03.05.2023, 19:20 chat_bubble_outline0 remove_red_eye288

Масъулини бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Сино ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино бахшида ба Рӯзи байнамилалии оила бо кормандзанони Маркази саломатии шаҳрии рақами 14 мулоқот намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъулини бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Сино, бахши фарҳанг ва дигар намояндагон иштирок намуданд.

Зимни мулоқот гуфта шуд, ки бонувони тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, либоси миллии онҳо, бешубҳа, яке аз рукнҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллат мебошад.

Бояд қайд намоем, ки ба бар намудани либоси миллӣ аз шахс маҳорат ва этикаю эстетикаи хосро талаб намуда, дар ҷойҳои хосса ба бар карда мешавад, ки донистани ин барои занону духтарон хело ҳам муҳим мебошад.

Дар ин замина масъулини бахши сабти асноди холати шаҳрвандии ноҳияи Сино қайд намуданд, ки вақте, мо оила мегуем, зери ин мафҳум муҳимтарин ячейкаи ҷамъияту давлатро мебинем. Ин аст, ки интихоби дуруст дар бунёди оила омили муҳими мустаҳкамии ҷамъият ва ободии давлат аст. 

Валиҷон Шарифзода
"ТВ ДУШАНБЕ"