ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ФЕСТИВАЛИ "САД РАНГИ ЧАКАН" ДАР ПОЙТАХТ
ш.Душанбе. 03.05.2022. Имрӯз дар “Майдони 800 солагии Москва”-и пойтахт бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои банди 7 Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 тасдиқ гардидааст ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 январи соли 2023, №20 «Дар бораи тасдиқи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо барои соли 2023» даври шаҳрии Фестивали “Сад ранги чакан” баргузор гардид.
Боиси хурсандист, ки ин навъи санъати гулдӯзии тоҷикӣ аз ҷониби ЮНЕСКО ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Санъати гулдӯзӣ дар асарҳои бостоншиносон, файласуфон, адибон, санъатшиносон ва кулли соҳаҳои илм инъикоси худро ёфтааст. Бозёфтҳои бостоншиносони минтақаҳои ориёинишин гувоҳӣ медиҳанд, ки мардуми тоҷик ва аҷдодони ӯ ба матоъҳои гуногун гулпартоӣ ва гулдӯзӣ менамуданд, ки он байни дигар халқиятҳои қадим маъруфу машҳур буд.
Дар чорабинӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, бонувону занони фаъоли пойтахт ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим чорабиниро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки мақсади асосии баргузории фестивал баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Лозим ба зикр аст, ки баҳри баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзандӯзиву гӯлдӯзӣ, читгарӣ, атласу адрасбофӣ, дӯхтани тоқиву ҷуздонҳо ва дигар намуди чеварӣ ҳадафи дигари фестивал мебошад.
Фестивали шаҳрӣ аз бахшҳои гуногун, аз ҷумла, намоиши либосҳои қадимаи чакан, намоиши либосҳои кӯдакона, намоиши либосҳои рӯзмарра, намоиши либосҳои маросимӣ ва идона, намоиши либосҳои расмӣ ва намоиши навъҳои гуногуни сӯзандӯзӣ иборат буда, аз ҷониби занону бонувони пойтахт пешниҳод карда шуд.
Дар фароҷоми чорабинӣ иштирокчиён бо ифтихорнома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, дар фестивал барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо суруду тарона ва рақсҳои дилнишин дар иҷрои ҳунармандон, ки ҳар яке ифодагари санъату ҳунари волои тоҷикон ва нишонаи завқи баланди зебоипарастии миллати тоҷик буданд, пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ