image

МАҲФИЛИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ШАШМАҚОМ ДАР КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ

date_range04.05.2023, 15:04 chat_bubble_outline0 remove_red_eye228

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 12-уми май ба унвони Рӯзи Шашмақом ҷашн гирифта мешавад. Бо ин мақсад дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов бахшида ба рӯзи мусиқии асил-Шашмақом маҳфили фарҳангӣ доир гардид.

Дар маҳфил роҳбарияту кормандони Консерватория, устодони санъат ва донишҷӯёни ин риштаи мусиқи иштирок доштанд.

Санъати мусиқии шашмақом ки таърихи хеле қадима дорад ва аз даҳон ба даҳон, аз устод ба шогирд то замони мо омада расидааст. Ин намуди санъати мусиқӣ машҳури олам шудааст, ки ин ҳама бо заҳматҳои Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ба даст омад.

Тавре масъулин иброз доштанд “Дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат ансамблҳои шашмақомсароӣ таъсис дода шуданд, ки барои пойдории ин санъат саҳми муносиб доранд”.

Бояд гуфт, ки «Оид ба рушди минбаъдаи санъати иҷрогарии шашмақом дар Тоҷикистон» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2000-ум қарорҳои мушаххас қабул карда шуд, ки он барои рушди санъати шашмақомхонӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"