image

“Идораи босамар барои рушди иқтисодӣ”- баррасии ин мавзӯъ дар маҳфили навбатии “Тавозун”

date_range06.05.2023, 14:59 chat_bubble_outline0 remove_red_eye354

Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” бо мақсади муҳайё намудани заминае барои табодули афкору таҷриба дар инъикоси босифати масоили иқтисодӣ дар Тоҷикистон кушиш менамояд, ки дар доираи маҳфили “Тавозун” мунтазам вохӯриҳоро оид ба муҳокимаи масъалаҳои мубрами иқтисодӣ дар байни рӯзноманигорон, коршиносони байналмилалию Ватанӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ, олимон ва таҳлилгарон баргузор намояд.

Дар доираи лоиҳаи “Идораи босамар барои рушди иқтисодӣ” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили навбатии журналистикаи иқтисодии “Тавозун” аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” дар мавзӯи “Ислоҳоти низоми андоз ва андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар самти андоз ва андозбандӣ, раванди татбиқи барномаҳои ислоҳоти андоз, таҳияи нақшаи андоз дар шаҳру навоҳӣ ва критерияҳое, ки зимни омода гардидани нақшаи андози шаҳру навоҳӣ ба инобат гирифта мешавад, дастовард ва мушкилоти раванди татбиқи барномаҳои ислоҳоти андоз ва маъмурикунонии андоз, рақамкунии андоз дар доираи барномаҳои ислоҳоти андоз, саҳми ислоҳоти андоз дар рушди бахши соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, нақши ислоҳоти низоми андоз барои иҷроиши “Стратегияи милии рушд барои давраи соли 2030”, андозбандии ташиклотҳои ғайритиҷоратӣ дар ҶТ ва дигар мавзуҳо вобаста ба андозу андозбандӣ ва ислоҳоти андоз баҳсу баррасӣ шуданд.

Дар маҳфили мазкур иқтисодшиносону коршиносони соҳаи андоз ва андозбандӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва рӯзноманигорон ширкат карданд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"