Гузаронидани тадбирҳои соҳавию назоратӣ аз ҷониби нозирони хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ҳудуди «Бозори Саховат»
Тадбирҳои соҳавию назоратӣ аз ҷониби нозирони хадамоти давлатии оташнишонӣ мунтазам гузаронида мешавад. Ин навбат бо иштироки кормандони Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе корҳои соҳавии ниҳоди мазкур дар ҳудуди КВД «Бозори Саховат» гузаронида шуд.
Ин амал бо мақсади ислоҳи камбудиҳо ва риояи ҳатмии қоидаҳои бехатарии сӯхтор роҳандозӣ шуд. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар бархе нуқтаҳои савдо камбудиву норасоӣ ҷой дорад, ки баратаф нагардидани он омили сар задани сӯхтор мегардад.
Бо мақсади пешигирии чунин ҳолат ва истифодаи таҷҳизот бо риояи ҳатмии қоидаҳои бехатарии сӯхтор кормандони Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе корҳои назоратиро дар ҳудуди иншооти савдою хизматрасонӣ ташкил намудаанд.
Аз ҷониби роҳбарият ва нозирони Раёсат дар ҳар як нуқтаи савдо дар алоҳидагӣ корҳои назоратӣ гузаронида шуд. Кормандони хадамот бо ишора ба камбудиҳои ҷойдошта таъкид доштанд, ки онҳо бояд саривақт ислоҳ шаванд.
Инчунин бо истифодаи имконияти мавҷуда бархе камбудиҳо саривақт бартараф карда шуд. Ҳамзамон бо истифодаи воситаҳои нақлиёти оташнишонӣ роҳҳои мошингарди дохили бозор санҷида шуд.
Бо соҳибмулкону масъулини КВД «Бозори Саховат» аз ҷониби кормандони Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе корҳои профилактикиву фаҳмондадиҳӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ гузаронида шуд.
Нозирони Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе доир ба қоидаҳои бехатарии сӯхтор, истифодаи дастгоҳҳои оташнишонӣ, дуруст гузаронидани хатҳои интиқоли барқ ва истифодаи сарфакоронаи барқ ба иштирокчиён маълумот доданд.
Дар дигар нуқтаҳои савдою тиҷоратӣ низ мувофиқи нақшачорабиниҳои мавҷуда гузаронида мешавад.
Раҳими Карим
"ТВ ДУШАНБЕ"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ